Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаи омода намудани мутахассисонро дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва техникӣ баррасӣ намуданд
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Кабинети вазирони Ҷумҳурии Узбекистон Аҳмадбек Юсупов мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои истифодаи имконияти васеи ду мамлакат изҳори назар намуда, ҷиҳати омода намудани лоиҳаи созишнома дар соҳаи аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.
Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба густариш бахшидани ҳамкорӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва техникӣ, аз ҷумла технологияи рақамӣ табодули афкор намуданд.