Форуми байналмилалӣ оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”
Тавре иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба “Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва раванди амалисозии ҳуқуқҳои иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, вазорату кумита муассиса, созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ва ин табақаи осебпазири ҷомеа баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3- декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон ва ҳафтаи ҳуқуқи инсон роҳандозӣ карда шуд. Дар форум нахуст Давлатзода З.Д- сардори раëсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маърузааш зикр намуд, ки “Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №577 бо назардошти муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон тасдиқ шуда аст. Стратегияи мазкур бо дарназардошти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҷрибаи аз амалисозии барномаҳои қаблӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андухташуда, таҳлили умумии вазъи кунунии соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ ба муносибати нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои амалишавии Ҳадафҳои рушди устувор таҳия гардида, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 15 соли оянда муайян менамояд. Ба таъкиди ӯ таҳия ва қабул гардидани ҳуҷҷати стратегии мазкур дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷассумгари фаъолияти созандаву инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе