Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус мулоқот кард
8 декабри соли 2023 мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус Наталя Кочанова баргузор гардид. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Беларус хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларусро баррасӣ карданд. Ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.
Инчунин оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи гуманитарӣ, бахусус дар соҳаи маориф, илм ва технологияҳои нав табодули афкор сурат гирифт.