ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар Тоҷикистон пастшавии ҳарорат ва борону барф пешгӯӣ карда мешавад

Шуруъ аз пагоҳ бо сабаби аз минтақаҳои шимолу ғарб ворид шудани анбӯҳи ҳавои сард ба ҷумҳурӣ дар бештари ноҳияҳои водию доманакӯҳ пастшавии тадриҷии ҳарорати ҳаво то 8-13 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.

12-13 декабр дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ борон ва барф, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ бориши бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.

Шиддати вазиши шамол аз самти шимолу ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. 11-12 декабр дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе — Чанок хавфи ба амал омадани  зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE