ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР БАДАХШОН
Субҳи имрӯз дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бахшида ба таҷлили ҷашни миллии Сада барномаи идона баргузор карда шуд.
Дарҷамъомади мазкур як гурӯҳ кормандони фаъоли соҳаи кишоварзии вилоят дар вазъияти тантанавӣ бо ”Ифтихорнома” – и Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.
Муовини Раиси вилоят Умедҷон Носирзода иброз намуд, ки Сада ва таҷлили он монанди дигар ҷашнҳои фарҳангиву суннатии сол порае аз маросим ва дигаргуниҳои воқеии зиндагонии инсонӣ ва табиату кайҳон мебошад. Сада, Меҳргон ва Тиргон-инҳо идҳои милливу суннатӣ дар бахши кишоварзӣ ва кишту кор мебошанд.
Бахтиёр ЗОИРИЁН,
“Садои Душанбе”