Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Арабистони Саудӣ тақвият меёбанд

Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқоти ректори  он Жило Гулназарзода бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Рушайдон баргузор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи мазкур  хабар доданд.

Ректори Донишгоҳ ба меҳмонон дар бораи фаъолияти гуногунҷабҳаи муассиса, самти робитаҳои хориҷиӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва раванди таълим дар шуъбаи забони арабӣ маълумот дод.

Сафир Валид ибни Абдураҳмон Ар-Рушайдонбарои пазироии самимии  тоҷикона изҳори сипос намуда, оид ба тавсиб расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ байни Донишгоҳ ва муассисаҳои олии Арабистони Саудӣибрози назар намуд.

Дар чорабинӣ барномаҳои фарҳангию адабӣ, қироати назму наср ва намоиши арзишҳои гардишгарии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикию арабӣ барои ҳозирин тақдим гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE