Мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон
10 апрели соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамзамон ҳамраиси тозатайини Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон Мухтар Бабаев баргузор гардид. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаи танзими ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, раванди иҷрои қарордодҳои дар сатҳи олӣ бадастомада ва санадҳои дуҷониба, инчунин густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангию гуманитарӣ, нақлиётию транзитӣ ва дигар мавзӯъҳо баррасӣ гардидаанд.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба ташкили мулоқоти коршиносони ду кишвар ва ҷалби ширкатҳои Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.