Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан мулоқот намуд
Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ҳакан Фидан мулоқот намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Туркия дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол намуда, мо ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия манфиатдор ҳастем.
Аз давраи барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии мамлакатҳо дар натиҷаи кӯшишҳои муштарак муносибатҳои дуҷониба бемайлон рушд намуданд. Ин сатҳи равобити Тоҷикистон ва Туркия, албатта, пеш аз ҳама, ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдуғон вобаста мебошад.
Гуфта шуд, ки парлумонҳо дар пешбурди муносибатҳои бисёрҷониба ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим мебозанд.
Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди ҳамкории пурмаҳсулу судманд бо Ҷумҳурии Туркия таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, таҳкими равобити иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои барои халқу мамлакатҳоямон муҳимро мавриди ҳал қарор медиҳад. Вақти он расидааст, ки гурӯҳҳои дӯстию иттиҳодияҳои мо ҳуҷҷатҳои байнидавлатиро, ки парлумонҳои мо тасдиқ ва қабул намудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳодҳои муфид ва мувофиқашуда манзур намоянд.