Тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё чӣ қадар даромад ба даст меорад?

Маблағи умумии ҷоизаҳои Ҷоми Осиё, ки рӯзи 12 –уми январ дар Қатар оғоз мешавад, 14,8 миллион долларро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб барандаи он 5 миллион доллар мешавад. Дар ин бора сомонаи ТВ “Варзиш” хабар дод.

Дар умум дастаҳои иштироккунандаи Ҷоми Осиё ба ин минвол маблағ ба даст хоҳанд овард : Ғолиби мусобиқа 5 миллион доллар, иштироккунандагони даври ниҳоӣ 3 миллион доллар, иштирокунандагони давр ниманиҳоӣ 1 миллион доллар, ҳар як дастаи иштирокдори Ҷоми Осиё 200 ҳазор доллар.

Тими миллии Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи хеш дар Ҷоми Осиё ширкат мекунад. Миллипӯшони мо дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳӣ бо мунтахаби Чин дар варзишгоҳи “Абдулло бин Халифа” рӯзи 13-уми январи соли 2024 бозӣ мекунанд.

Дебютантҳо пас аз марҳилаи гурӯҳӣ дар даври сеюми интихобӣ ба ин мусобиқа роҳ ёфтанд. Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо мизбони мусобиқот тими миллии Қатар рӯзи 17-уми январ дар варзишгоҳи бошукӯҳи “Ал-Байт” ва рӯзи 22-юми январ бо Лубнон дар варзишгоҳи “Ал-Тумама” –и шаҳри Доҳа рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Осиё – 2023 дар Қатар аз 12-уми январ то 10-уми феврал миёни 24 мунтахаб баргузор мегардад

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE