Гурӯҳи кории комиссияи ФФТ бо роҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” роҷеъ ба дастгирии дастаи “Барқчӣ” мулоқот анҷом дод
Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии дастаҳо ба мавсими нави футбол ва иҷроиши дастуру супоришҳои протоколии ҷаласаи Президенти ФФТ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин навбат бо роҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик”, ки сарпарасти асосии бошгоҳи “Барқчӣ”-и Ҳисор аст, мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ раиси ширкат Асозода Маҳмадумар Шамсулло қайд кард, ки имсол барои сарпарастии даста нисбати мавсими гузашта маблағи бештар ҷудо мегардад ва “Барқчӣ” мушкилоти молиявӣ нахоҳад дошт. Ҳадафи асосии дастгирии молиявии дастаро раиси “Барқи тоҷик” саҳмгузорӣ дар рушди футболи тоҷик номид. Чун футболбозони бештари “Барқчӣ” ҳайати асосии мунтахаби наврасони Тоҷикистонро ташкил мекунанд.