Дар Душанбе озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор мешавад

13 декабр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор мешавад. Дар ин хусус  дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Озмуни мазкур бо мақсади иҷрои банди 29-и «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020 тасдиқ гардидааст.

Барномаи мазкур бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллию  муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ, анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ инчунин  дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул таҳия гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE