Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармояи саудӣ барои сохтмони гармхонаҳо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ал-Решайдон мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати сари вақт омода намудани Ёддошти тафоҳум барои имзо, пешгирии тағйирёбии иқлим ва мутобиқсозии зироат, ҷалби сармоя барои сохтмони гармхонаҳо, корхонаҳои хурду калони коркарди маҳсулот ва банду баст, содироту воридоти молу маҳсулот, технология ва табодули таҷриба изҳори ҳавасмандӣ намуданд