Дар Душанбе мулоқоти прокуророни генералии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор шуд

5 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб баргузор шуд. Дар ин бора аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромиллӣ муҳокима гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқот дар доираи сафари кории Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE