Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус муҳокима гардид

Дар шаҳри Минск мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Михаил Мятликов баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот вазъи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус, дурнамои тавсеаи робитаҳои соҳибкорӣ ва афзоиши гардиши мол баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо инчунин масъалаи ҳамкории Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Палатаи савдо ва саноати Беларус, инчунин натиҷаҳо ва нақшаҳои кории Шурои соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларусро муҳокима намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE