Дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон ҷаласаи 76-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор гардид

Ҷаласаи 76-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 6 июн дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон доир гардид, ки дар кори он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа роҳбарони хадамоти гумруки Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои ворид намудани тағйирот ба “Номенклатураи ягонаи молҳои фаъолияти иқтисоди хориҷии ИДМ” қарорҳо қабул гардид. Инчунин низомнома миёни мақомоти гумруки давлатҳои ИДМ оид ба мубодилаи молҳое, ки аз ҷониби макомоти гумруки давлатҳои ИДМ нисбат ба онҳо вайронкунии ҳуқуқи моликияти зехнӣ ошкор гардидаанд, тасдиқ шуд. Ҳамзамон тавсияҳои методӣ оид ба қоидаҳои таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт барои кашондани мол таҳти пломбаҳои гумрукӣ муҳокима гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа ҷонибҳо як қатор масъалаҳои ҳамкории гумрукиро баррасӣ намуда, қарор қабул карданд. Аз ҷумла масъалаи суръат бахшидани равандҳои расмиёти дохилии давлатии мувофиқа барои имзои минбаъдаи Созишнома дар бораи тартиби гузоштани мӯҳрҳо ва штампҳо аз ҷониби мақомоти гумрукии кишварҳои ИДМ дар ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва тиҷоратӣ коркард гардид. Қабули ин санад имкон медиҳад, ки убури молҳо аз сарҳадро суръат бахшида, тафовути мавҷуд дар тартиби назорати ҳуҷҷатии онҳоро аз байн бардорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE