Имрӯз бозиҳои даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол доир мегарданд

Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ду бозии аввали даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол баргузор мешаванд, хабар доданд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Имрӯз, соати 16:00 вохӯрии дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ оғоз шуда, баъдан соати 20:00 дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд рақобат мекунад.

Бозиҳои ҷавобии даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 15-16 октябр доир мегарданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2022 1/2 ниҳоӣ. Бозиҳои аввал

15 сентябр (панҷшанбе)

Оғоз — соати 16:00

«Хатлон» – «Кӯктош»

Довари марказӣ: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Ёварон: Холмурод Абдусаломов, Ғайрат Рӯзибоев (ҳарду аз Шаҳринав).

Довари эҳтиётӣ: Рустам Нурматов (Душанбе).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Ҷамшед Исмоилов (Душанбе).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

15 сентябр (панҷшанбе)

Оғоз — соати 20:00

«Истиқлол» – «Эсхата»

Довари марказӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Хусрави Сиддиқзод, Фарҳод Куралов (хар ду аз Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Ширинҷон Валиев (Рӯдакӣ).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE