Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2023 доир гардид

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2023 баргузор гардид. Дар он ба 68 ҷоизадори мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 миллиону 462 ҳазору 500 сомонӣ тақдим шуд. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, меҳмонони ифтихорӣ, масъулини соҳа ва варзишгарони шинохтаи мамлакат иштирок намуданд.

Дар оғози маросим Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сухан гуфта, таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириву роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро нисбат ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баён намуданд.

Гуфта шуд, ки ин соҳа зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки ҳамасола заҳмату талош ва меҳнатҳои масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарони мамлакат қадрдонӣ мешавад.

Дар идомаи маросими расмӣ озмунҳои соҳавӣ аз рӯи 17 номинатсия ҷамъбаст шуда, беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барномаи  фарҳангию фароғатӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE