Нишасти муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо

26 сентябри соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар ҷаласаи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни нишаст ҷонибҳо масоили мубрами ҳамкориҳои байналмилалӣ ва байниминтақавӣ ва мушаххасоти рӯзномаи ҷаласаи дарпешистодаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE