ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО
Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва бонувони сохторҳои кумита бахшида ба Рӯзи модар чорабинии бошукўњи љашнї баргузор гардид.
Дар оѓоз раиси кумита Саид Нуриддин Саид иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ин ҷашни зебои баҳор табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки модар – тараннумгари зебоӣ, рамзи ҷовидонаи меҳру вафо, идомабахши насли инсон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, одобу маънавиёт, эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои инсониро ҷой медиҳад.
Раиси кумита нақши занони мамлакатро дар таълиму тарбияи фарзанд муҳим арзёбӣ намуда, афзуд, ки модар тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон-мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ў ба камол расида, сабақи одамият омўхтем. Фарзанди ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ солим ва фарзанде, ки аз лаҳни ширини Модар панду насиҳат мешунавад, ба қадри модар, миллат, Ватани худ, забони шевои модарӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги куҳанбунёди миллати тамаддунофари хеш мерасад.
Доир ба нақши занону духтарони кишвар Нуриддин Саид изҳор намуд, ки занону модарон баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, роҳбару роҳнамо, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос, рўзноманигору коргардони касбӣ буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне ободии мамлакат саҳми босазо доранд.
Маҳз ҳамин иродаи қавӣ, нерўи созанда ва ободкору созанда будани занону модарони тоҷикро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол баланд бардошта, имконияту шароити ниҳоят мусоидро барои фаъолияти боз ҳам густурдаи занону духтарон дар ҳамаи вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ фароҳам оварданд.
Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани «Рӯзи Модар» – ро роҳбарияти кумита нишонаи эътибору эҳтироми зиёди роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба занону духтарон ва модарони ниҳоят гиромии мо гувоҳи равшани дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштани онҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки занону модарони тоҷик дар ҳифзу нигоҳдошти расму ойинҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд. Бо назардошти ин рисолати ниҳоят муҳим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои худ ба нерӯи занону модарон ва ҷавондухтарон такя карда, онҳоро борҳо «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаанд. Сипас, директори МД «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» Исматзода Саъдӣ Маҳдӣ дар мавзуи «Мавқеи занон дар адабиёти тоҷик» бо маъруза баромад намуд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини консертӣ дар иҷрои ҳунармандони дастаҳои ҳунарии кумита ҷашни идонаро шукӯҳи бештар бахшид.
Дар охир духтарону бонувони сохторҳои кумита бо тӯҳфаҳои пулии таъсиснамудаи раёсати кумита қадрдонӣ карда шуданд.