12 март Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мешавад

12 март, соати 9:00 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ба рӯзномаи иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум «Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023 – 2028» ва ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа, арзёбии татбиқи Стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила бо мақсади фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт, нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар амал татбиқ гардидани Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷааш ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 11 марти соли 2024 таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE