Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо фаъолияти марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои вилояти Хатлон шинос шуд

 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои марказии якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шинос шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

Вазир ҳамзамон бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва тақвияти корҳои ободониву созандагӣ шинос шуда, бо беморон ва наздикони онҳо суҳбат намуд.

Дар идома бо роҳбарияти муассисаҳои соҳа масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, назорати вазъи санитарию эпидемиологӣ, риояи одоби муоширати табибон бо беморон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳаро баррасӣ намуда, баҳри бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE