Дар чорабинии канории Қазоқистон дар Вена ҳайати Тоҷикистоништирок намуд
Дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати маводи нашъаовар Зафар Самад дар чорабинии канории Ҷумҳурии Қазоқистон зери унвони «Имкониятҳои Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар муқовимат ба таҳдидҳои муосири паҳншавии маводи нашъаовари синтетикӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.
Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони мақомоти ваколатдори давлатҳои иштирокчии Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ, давлатҳои нозир, Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, инчунин дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Ба иштирокчиён рӯнамо оид ба фаъолияти Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Алмато таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун мақоми байнидавлатию минтақавӣ оид ба мусоидат дар ташкил ва ҳамоҳангсозии амалиёти байналмилалӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар фаъолият дорад, пешниҳод карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ роҳбарони як қатор ҳайатҳо фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, мубодилаи афкор анҷом доданд.