Дар Осорхонаи миллӣ ҳадяҳои Президенти Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд

 Аз Наврӯзи соли 2023 то Наврӯзи соли 2024 ба  Осорхонаи миллии  Тоҷикистон беш аз 400  ашёи гуногуни таърихию фарҳангӣ ворид гардид. Чунин гуфта шуд дар маросими ифтитоҳи намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз», ки  дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ оғоз гардид.

Дар маросими оғози намоиш донишмандону ҳунармандон ва намояндагони Вазорати фарҳанги    Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон,  Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд. Дар ин бора сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода доир ба нақши Осорхонаи миллӣ дар ҷамъоварӣ, ҳифзу омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик сухан намуда, иброз дошт, ки давоми як сол, яъне аз Наврӯзи 2023 то Наврӯзи 2024 бо роҳҳои гуногун -экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа ба фонди Осорхонаи миллӣ 431 ашёи гуногуни таърихию фарҳангӣ ворид гардид, ки онҳо дар ин намоиш ба маъраз гузошта шудаанд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ин давра аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мусаввара, як харитаи давлати Сомониён ва як либоси варзишӣ бо тӯб ва рамзи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид.

Дар намоиш намунаҳои сӯзанӣ, гулдӯзӣ, чакан, ҳунари мисгарӣ, сиккаҳо, мероси хаттӣ, мусаввараву кундал ва дигар намунаи ҳунарҳои мардуми тоҷик пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

Хотирнишон месозем, ки намоиши рамзии «Аз Наврӯз то Наврӯз» то якуми апрел идома меёбад. Аз ин рӯ ҳамаи дӯстдорони     таъриху фарҳанги миллӣ имкон доранд барои тамошои ин намоиш ба Осорхонаи миллӣ биёянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE