Дар ноҳияи Ховалинг дар мавзӯи «Наврӯз — омили ваҳдати миллатҳо» ин мавзуъ ҳамоиш доир гардид
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9 марти соли 2024 баргузор гардид, дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дар мавзуи «Наврӯз — омили ваҳдати миллатҳо» ҳамоиш доир шуд. Дар ин маврид Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш иштирокдорон доир ба арзиши баланди таърихӣ доштани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва одату суннатҳои неки он сухан гуфтанд.
Таъкид гардид, ки суннату анъанаҳои неки ҷашни Наврӯз рамзу намоди иттиҳоду ваҳдати инсониятро таҷассум намуда, аз таърихи пурғановати миллати тоҷик дарак медиҳанд.
«Эҳёи миллӣ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил гардидани Наврӯз далели аслу маслаки нек доштани ин ҷашн мебошад. Ҷашни Наврӯз бо шаҳомат, бузургӣ ва арзиши баланди фарҳангияш дар ташаккулу таҳаввули тамаддуни на фақат қавмҳои ориёӣ, балки дар пешрафту такомули маданияти башар нақши арзанда гузоштааст», — тазаккур дода шуд дар ҳамоиш.
Изҳор гардид, ки дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи хотираи таърихии миллат ва зинда намудани суннату анъанаҳои миллӣ мақоми махсус дорад. Бо ташаббуси Сарвари давлат ҷашни Наврӯз ва дигар унсурҳои фарҳангии миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуданд. Ҳоло дар тамоми гӯшаҳои сайёра ба истиқболи ҷашни Наврӯз чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд ва ин омил сабаб мешавад, ки фарҳанги волою қадимии миллат дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардад.