Тоҷикистону Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) ҳамкориҳоро дар соҳаи тандурустӣ тақвият медиҳанд
4-уми апрели соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо муовини ёвари маъмури Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) хонум Нидҳи Боурӣ мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳамзамон муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, сардорони раёсату шӯъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат низ иштирок доштанд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сараввал Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ меҳмононро ба бинои вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои судманди Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ёдовар шуд
Аз ҷумла қайд гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамкориҳоро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути агентиҳои дахлдори он ба роҳ мондааст. Аз ҷумла дар ин ҷода бо Агентии Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ (USAID) ва Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ (СДС) ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расида, то соли 2025 амал менамоянд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои вазорат ва Агентии мазкур дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасманди хешро дар ин самт баён доштанд.
Инчунин дар рафти мулоқот ҳарду ҷониб дар доираи Ташаббуси глобалии амнияти саломатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое, ки метавонанд дар доираи ин ташаббус маблағҳои бештареро ҷалб намоянд, ворид гардидааст, имкониятҳоро муҳокимаронӣ намуданд.