Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд

Дар талу теппаҳои кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз 500 бех ниҳоли дарахти ороишии санавбар шинонида шуд. Дар ин бора Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳамзамон дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дар ҳудуди ҷамоати Баҳор бо иштироки беш аз 300 сокини шаҳри Ваҳдат 1000 бех ниҳоли дарахти санавбар бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуд.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат «Барномаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Мамлакати сабз» барои солҳои 2023-2027» қабул гардидааст, ки дар асоси он то соли 2025 дар Тоҷикистон дар масоҳати чор ҳазор гектар 65 миллион бех ниҳолҳои дарахтону буттаҳо, аз ҷумла дарахтони мевадиҳанда, хуч ва санавбар шинонида мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE