Ширкати “Париматч Тоҷикистон” сарпарасти кулли мусобиқаи Лигаи якуми-2024 гардид
Имрӯз, 29-уми март, маросими баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ байни Лигаи футболи Тоҷикистон ва ширкати “Париматч Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ин бора аз Лигаи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар асоси созишнома ширкати “Париматч” шарики расмии Лигаи футболи кишвар дар соли 2024 гардида, сарпарасти кулли мусобиқаи Лигаи якум шуд. Ҳамакнун номи расмии мусобиқа барои соли 2024 Париматч – Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 гардид.
Созишномаи ҳамкорӣ аз ҷониби директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва директори иҷроиявии “Париматч Тоҷикистон” Юлия Лесик имзо карда шуд.
Ҷонибҳо иброз доштанд, ки бо талошҳои якҷоя метавон футболи бошгоҳиро дар кишвар тақвият бахшид.
Бояд хотиррасон шуд, ки ширкати “Париматч Тоҷикистон” қаблан ҳам ҳамкорӣ бо ЛФТ дошт. Соли 2022 ширкати мазкур сарпарасти кулли мусобиқаҳои Ҷоми Тоҷикистон ва Суперҷоми Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.