Дар Душанбе Фестивали байналмилалии Шарқ-Ғарб оид ба ҳунарҳои мардумии АвруОсиё бошукуҳ доир шуд

Тавре қаблан хабар додем, 23 декабр дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Фестивали байналмилалии «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиёӣ дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид. Дар ин хусус аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Дар фестивал ҳунармандон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ва намояндагони ёздаҳ давлати дунё намунаҳои беҳтарини намудҳои ҳунарҳои мардумии худро, ки комилан тавассути зеботарин ва арзишмандтарин ҳунар- ҳунари дастӣ сохта шуда буданд, ба маърази тамошо гузоштанд.

Ҳунармандон офаридаҳои худро ба меҳмонони олиқадр ва иштирокчиёни фестивал муаррифӣ намуда, оид ба таърихи пайдоиш, тарзи таҳия ва аҳамияти ҳунарҳои волои дастӣ сухан гуфтанд.

Дар барномаи фарҳангию фароғатӣ иброз гардид, ки дар ворид шудани ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик, аз қабили ҷашни Сада, «Тазҳиб-санъати зарҳалкорӣ» ва ҳунари атласу адрасбофӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии башарият муҳтарам Пешвои муаззами миллат нақши беандоза доранд.

Воқеан, ҳифзи мероси миллию умумибашарӣ, рушди ҳунарҳои дастӣ ва табодули эҷодкорию офарандагӣ дар замони муосир барои ҳар давлату миллат пураҳаммият буда, на танҳо ба густариши соҳаи фарҳанг, балки таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Сипас ҳунармандони мамлакат ва меҳмонони Фестивали байналмилалии Шарқ-Ғарб бо дипломҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир ҳунармандони  тоҷик бо пешниҳоди барномаи зебои фарҳангӣ табъи меҳмонону иштирокчиёнро болида гардониданд. Таъкид шуд, ки ҳамаи миллатҳоро дар ин фазои самимӣ фарҳангу ҳунар ба ҳам овардааст ва маҳз бо баҳрагирӣ аз қудрати ҳунар ва нигоҳи фарҳангӣ метавон хурсанду хушбахт ва пойдору поянда зиндагӣ намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE