Бо тавсияи олимон дар шоҳроҳи Душанбе- Ваҳдат 1100 бех ниҳоли санавбар шинонида мешавад

Дар қисмати рости шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат дар майдони 1,5 гектар беш аз 300 ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд, хабар медиҳад дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, шаҳри Ваҳдат ва сокинони маҳал иштирок намуданд. Интизор меравад, ки дар ин мавзеъ дар маҷмӯъ 1100 бех дарахти санавбар шинонида шавад, ки обёрии он тариқи қатрагӣ ба роҳ монда шуда, атрофи он марҳила ба марҳила бо симтӯр маҳкам карда мешавад.

Тибқи хулосаи олимони соҳаи боғпарварӣ, ниҳоли дарахти санавбар дар ин минтақа хуб сабзиш намуда, дар таъмини муҳити зист бо оксиген саҳми муносиб мегузорад.

Ҳамзамон олимон тавсия медиҳанд, ки санавбари элдарӣ, кӯҳӣ, қримӣ, сиёҳ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон хуб сабзиш менамояд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE