Дар Душанбе таҳти унвони «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат — наҷотбахши сайёра ва таъмингари ҳаёти осоишта» ҳамоиш доир гардид
29 марти соли 2024 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Ҳамоиши шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат наҷотбахши сайёра ва таъмингари ҳаёти осоишта» доир гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии швҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳамоиш аз ҷониби сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Ш.А. оғоз гардида, дар кори он мувони Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовни аввали Расии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим, муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳтам Талбаков, муовини Раиси Шурои олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Субҳиддин, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Хушвахт Салим иштирок ва суханпронӣ намуданд.
Инчунин дар чорабини намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии швҳри Душанбе, вазорату идорањо, иштирокчиёни сеюмин Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” гирандагони стипендияи Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шањри Душанбе, донишҷӯёни хориҷии дар донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуи пойтахт таҳсилдошта аз кишварҳои Эфиопия,Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, кишварҳои қитъаи африқо Зимбабве, Руанда, Судан, Брунди, Танзания, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Туркманистон,Афғонистон, кишвари Бангаладеш, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Узбекистон, кишвари Фелепин, Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва кишвари мизбон Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар баромади хеш масъулин аз ташаббусҳои байналмиалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон, ки ба нафъи мардуми сайёра самари мондагор нишон дода истодаанд, ибрози назар намуданд.
Ҳамчунин таъкид гардид,ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки маҳз дар заминаи њидоятњои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои наҷибу пайваста ва дурбинонаи Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои муҳими стратегии кишвар ва пойтахти он табдил ёфта, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба қишри ҷавони ҷомеа дар марҳилаи бунёди давлати навини тоҷикон ҳамчун созандагони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол таваҷҷӯҳ ва боварӣ карда шуд.
Ин эътимоду боварӣ ва самимияти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз самари дилхоҳро ба бор оварда, ҷавононро барои расидан ба қуллаи муроду мақсадҳои дар замирашон буда, роҳнамоӣ месозад.
Тавре шоҳидем, дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои камоли саъодату маърифат, ҷаҳонбинию донишҳои замонавӣ, машғул шудан ба варзиш ва дигар самтҳои ҳаётан муҳими ҷавонон имконияту шароити зарурие муҳайё карда шуд, ки шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.
Ҳамчунин Наврўз арзандатарин ва гиромитарин мероси ниёгони мост, ки моро ба таърихи куҳани аҷдодонамон мепайвандад. Наврўз оғози сол, ҷашни бузурги бедории табиат, эҳёи анъанаи миллии мардумӣ, рамзи пирўзӣ бар торикӣ ва тантанаи некиву накӯкорӣ маънидод гардид.
Ҳикмати созандаи Наврӯз ин аст, ки мардум дар ин рӯз кинаю ғаразро аз дил бароварда, ба ҳам оғуши сулҳу дӯстӣ боз намуда, якдигарро ба муносибати ин Ид бо суханони тоҷиконаву муҳаббати беҳамто «Наврўз муборак», «Наврўзатон фирӯз бод, ҳар рўзатон наврӯз бод» шодбошӣ мекунанд.
Ҷашни миллии Наврўзро дар баробари мардумони ориёинажод дигар халқҳое, ки бо сарзамини бузурги Аҷам ҳамеша робитаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ доранд, бо тамоми расму одоб ҳамчун яке аз ҷузъҳои таркибии фарҳанги миллӣ пазируфтаанд, ки ин бешубҳа баёнгари меҳру муҳаббат, тарғибгари некиву накўкорӣ ва бунёдкориву созандагӣ будани Наврўз шаҳодат медиҳад.
Ҳар як анъана, расму оин, урфу одат ва чорабиниҳое, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба ҷо оварда мешавад, баёнгари ақлу заковат, фарҳангу маданияти ниёгони бузурги мост. Таъкид гирдад дар баромади ишитирокчиён.
Маврид ба таъкид аст, ки Ҳамоиш дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 марти соли 2024, №166 “Дар бораи баргузор намудани чорумин Фестивали дўстии љавонони шаҳри Душанбе тањти унвони «Љавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» доир гардид.
Маврид ба зикри хос аст, ки маросими оғози фестивал бо гулчамбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва меҳмонони фестивал доир гардида, иштирокчиёни Фестивал аз фарҳангиву анъанаҳои наврӯзӣ ва арзишҳои таърихии миллати тоҷик аз шаҳри Хисор боздид ба амал оварда, давоми рӯз аз маконҳои дидании пойтахт дидан намуда, таҳти унвонии “Сайри шомгоҳии Душанбе” аз зебогиҳои шомгоҳии Душанбе дидан менамоянд.