БО ДИҚҚАТ БОШЕД! ВКД Тоҷикистон аз гурӯҳи муташаккили қаллобони истифодакунандаи номи ширкати «Газпром» огоҳӣ медиҳад

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як гурӯҳи муташаккили қаллобони номаълум, ки бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз шаҳрвандони кишвар аз номи ширкати фаръии трансмиллии энергетикии Федератсияи Россия «Газпром» ҶДММ «Газпром-Инвест» дар сомонаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Инстаграм» пайдо гардидааст, ҳушдор медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорат хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи мазкур дар наворҳои видеоии худ зикр менамояд, ки Раиси раёсати ширкати «Газпром» дар якҷоягӣ бо парлумони ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаи микро сармоявиро оғоз намудаанд. Барномаи мазкур баҳри ба даст овардани фоида тавассути сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ, асъорӣ ва ғайра нигаронида шудааст.

Дар робита ба ин ВКД Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати ба доми қаллобон наафтидан аз ҳамкорӣ бо шахсони ношинос худдорӣ намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE