Ба сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон Петр Сегрт унвони Мураббии дараҷаи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол дода шуд

Ба сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон  дар вазъияти тантанавӣ унвони Мураббии дараҷаи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тақдими унвон зимни вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ҳайати роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол Петр Сегрт доир гардид.

Зимни суҳбат раиси кумита аз фаъолияти густурдаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва сармураббии дастаи миллии мамлакат Петр Сегрт изҳори сипос намуд. Ҳамзамон ёдовар шуд, ки зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои доимии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболи тоҷик ба таври бесобиқа рушд намуда, бештари сокинони мамлакат ба ин намуди варзиш ҷалб гардиданд.

Сипас ҳарду ҷониб аз муваффақияти чанде қабли дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамзамон сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол Петр Сегрт низ аз мухлисӣ ва ҳамовозии мардуми тоҷик дар давраи мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 изҳори сипос намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE