22-СОЛ ДАР ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ КИШВАР

Имрӯз ба таъсиси радиои «Садои Душанбе» 22 сол пур мешавад. Бо ташаббуси собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳум Сайф Раҳимзоди Афардӣ 18 январи соли 1999  ин шабакаи мустақими радиоӣ ба фаъолият оғоз кард ва фазои иттилоотии мамлакатро пурратар намуд.  Бо вуҷуди пешниҳоди барномаҳои алоҳидаи мустақим дар шабакаҳои дигари Радиои Тоҷикистон, ин ягона шабакае ба ҳисоб мерафт,  ба муддати 8 соат тамоми барномаҳои худро ба таври мустақим бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ пешниҳоди шунавандагон намояд. Таъсиси «Садои Душанбе» дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон қадами муҳиме дар рушди ВАО-и Тоҷикистон маҳсуб мешуд, зеро ин падидаи нав  дар самти  рӯйи кор омадани шабакаҳои дигари радиоӣ  ва он ҳам пахши барномаҳои мустақим заминаи созгор гузошт. Дар ибтидо агарчӣ радиои «Садои Душанбе» ҳамчун шабакаи сартосарии «Садои Душанбе» 8 соат мустақиман барнома пешниҳод мекард, айни ҳол пахши барномаҳои он 24 соатро ташкил медиҳад. Яъне, то соати 20:00 мустақиман ва сипас пахши такрории он то соати 8-и субҳи рӯзи дигар идома меёбад. Садои Душанбе дар 22-соли фаъолияти ҷавонаш як рукни муҳими маънавии шунаванда гардиду, дар инъикоси воқеоти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат, дӯстию рафоқат нақши муассир дорад ва ба афкори ҷомеа таъсири амиқ мерасонад. Нақши кормандони эҷодию техникӣ ин шабака дар шинохти ин боргоҳ ва ба шунаванда пешиҳоди кардани хабару барномаҳои фарогири мавзӯъҳо мухталиф бағоят бузург мебошад.

Шодонҷон Султонов

“Садои Душанбе”

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE