ГУРӮҲИ ТОҶИКӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БУХОРО АЗ НАВ ТАЪСИС ЁФТ
Табиист, ки имрӯзҳо фикру зикри аксарияти хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва падару модарони онҳоро масъалаи идомаи таҳсил дар таълимгоҳи олии дилхоҳ банд кардааст.
Албатта, ба забони модарӣ таҳсил гирифта соҳиби касбу кор ва маълумоти олӣ шуданро кӣ намехоҳад?! Дар ин бора хусусан нигаронии шогирдони мактабҳои тоҷикӣ бештар аст.
Маълум аст, ки се сол муқаддам дар ДДБ гурӯҳи тоҷикии забон ва адабиёти тоҷик таъсис ёфта буд ва имсол донишҷӯёни ин гурӯҳ курси сеюмро хатм карда, ба курси чорум гузаштанд.
Ба қарибӣ овозаи дар Донишгоҳи давлатии Бухоро аз нав ташкил ёфтани гурӯҳи тоҷикиро шунида, он ҷо рафтем, вале мутасаддиёни кор аз ниятам огоҳ гардида, гуфтанд, ки то дастрасшавии ҳуҷҷати зарурии «боло» андак сабр кунам. Ниҳоят нисфирӯзии 4 июл масъули «Колл-марказ»-и ДДБ Сулаймон Хӯҷаев аз хабари хуш – тасдиқ шудани таъсиси гурӯҳи нави забон ва адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Бухоро барои соли хониши 2022-2023 моро мужда расонд. Мо аз вай хоҳиш кардем, ки дар бораи қоидаи қабул ба ин гурӯҳ маълумот диҳад.
– Ба гурӯҳи забон ва адабиёти тоҷик 25 нафар (10-нафар бо грант ва 15 нафар бо қарордод (шартнома) қабул карда мешавад. Ҳуҷҷатҳои довталабон то 20 июл бояд дастрас гардад.
– Абитуриентони гурӯҳи тоҷикӣ кай ва аз кадом фанҳо имтиҳон месупоранд?
– Аз панҷ фан: забон ва адабиёти тоҷик, забони хориҷӣ, математика, забони давлатӣ ва таърихи Ӯзбекистон имтиҳон (тест) месупоранд. Имтиҳонҳо аз 1 август оғоз меёбанд.
– Сулаймон Султонович, имсол дар ДДБ чӣ дигаргуниҳо ба амал омад? Дар ин ҷо ҳоло чӣ қадар донишҷӯён таҳсил мегиранд?
– Дар ДДБ ҳоло 24500 нафар таҳсил мегиранд. Имсол донишгоҳи мо низ соҳиби истиқлолияти молиявӣ гардид. Аз ин рӯ, дар ин ҷо дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Маълум аст, ки дар таркиби донишгоҳ Институти педагогӣ фаъолият дорад, аз ин сабаб як қатор факултетҳое, ки бо касби омӯзгорӣ алоқаманданд, шомили ин донишкада гардиданд. Бинобар ин имсол дар донишгоҳ 10-то равияи нав таъсис ёфт.
– Имрӯз дар ДДБ кадом намудҳои таҳсилгирӣ амал мекунад?
– Дар ин ҷо таҳсили мутахассисони оянда бо шуъбаҳои рӯзона, ғоибона, шабона ва масофавӣ сурат мегирад.
***
Бояд таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои аз байн рафтани таълим ба забони модарӣ дар вилоят ин дар таълимгоҳҳои олӣ мавҷуд набудан, ё маҳдудии гурӯҳҳои тоҷикӣ буд. Се-чор сол муқаддам ба як рафиқи омӯзгорам – корманди мактаби собиқи тоҷикӣ гуфта будам: замон дигар шуд, фурсати кушодани синфҳои тоҷикӣ фаро расид. «Аввал дар мактабҳои олӣ гурӯҳҳои тоҷикӣ кушода шаванд», эътироз карда буд вай. Таззодро бинед, дар вилоят таҳкурсӣ – мактабҳои тоҷикӣ набошад ҳам, гурӯҳи тоҷикии таълимгоҳи олӣ кушода шуд ва табиист, ки ба вай аз вилоятҳои дигар омада бояд таҳсил намоянд.
– Агар имсол синфи якуми тоҷикӣ созмон ёбад, вай баъди чанд сол имконияти дохилшавӣ ба мактаби олӣ пайдо мекунад? – боз пурсидам аз омӯзгор.
– Баъди ёздаҳ сол, – ҷавоб дод ӯ.
Ғамхории давлатро бинед, ки дар ҳамин гуна шароити вилоят барои мо дар мактаби олӣ гурӯҳҳо мекушояд.
– Ин нишонаи сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлат аст, ки ба халқи тоҷики ҷумҳурӣ эътибор зоҳир мекунад. Боварӣ дорем, ки чунин имкониятҳо дар оянда боз ҳам зиёд мегардад. Мо бояд фарзандон, наберагони худро ба забони модариамон – тоҷикӣ хононем, қадри лафзи қадимиамонро донем. Шоир беҳуда нагуфтааст:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Амрулло АВЕЗОВ, вилояти Бухоро. Овози Самарқанд