«САДОИ ДУШАНБЕ» ЗАМИНАГУЗОРИ ПАЙДОИШИ ШАБАКАҲОИ МУОСИРИ РАДИОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон имконият ва заминаҳо барои рушди тамоми намуди ВАО ба миён омад. Нашрияҳои зиёде ташкил шуданд. Бо вуҷуди камшмакашиҳои дохилӣ дар самти ВАО-и чопӣ пешравиҳои чашмрас ба амал меомад. Дар бахши таъсиси радио ва телевизион бошад то ба даст омадани ваҳдати миллӣ иқдомҳои ҷиддие  гузошта нашуданд. Танҳо 24-уми январи соли 1997 ҶСК «Телерадиоком» бо мақсади дастрасии бештари мардум ба мавҷҳои ягона телевизионӣ давлатӣ ва ду шабакаи Радиои Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Ҳодисаи фараҳбахшу таърихӣ дар даҳҳаи охири асри 20 дар соҳаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, ин бо ташаббуси собиқ  Раиси Кумитаи телевизион ва радио Сайф Раҳимзоди Афардӣ 18-уми январи соли 1999 таъсис ёфтани шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» гардид, ки минбаъд идеяи ташкили шабакаҳои дигари радиоиро ба миён овард.

Шабакаи навтаъсиси «Садои Душанбе» бо низоми муосир ва диди нав аз рӯзҳои аввал тавонист ба дили шунаванда роҳ ёбад ва имкониятро барои интихоби мавҷ ба шунаванда фароҳам биорад. Дар баробари ин таваҷҷуҳ намудан ба мушкили иҷтимоии мардум ва бозгӯйи намудан аз воқеоти рӯзгори онҳо, маҳбубияти Шабакаро якбора баланд намуд. Метавон гуфт, ки барои радиои «Тоҷикистон» як рақиби арзанда инкишоф ёфт ва минбаъд рақобати солими онҳо боиси пешрафти кори ҳарду радио гардид. Муҳаққиқи таърихи радио Саидмурод Хоҷазод низ дар китоби «Таърихи радиои Тоҷикистон» (қисми 2) ба ин нукта таваҷҷуҳ карда навиштааст, ки «Дуруст аст, ки баъди фаъолияти шабакаи мустақими «Садои Душанбе» мардум, бахусус, ҷавонон, бештар ба он рӯй оварданд ва сафи ҳаводорони дигар шабакаҳои Радиои Тоҷикистон то ҳадде камтар шуд…». Ин андешаи муаллиф ба як қоидаи бозор монанд аст. Барои мисол, ҳар бори наве, ки вориди бозор мешавад, агар аз як ҷиҳат ҳам аз молҳои дигар фарқ кунад харидори худро пайдо хоҳад кард, зеро интихоби мизоҷ гуногун аст. Метавон гуфт, ки «Садои Душанбе» дар ин «бозор» мизоҷи худро зуд пайдо кард.

Муваффақияти асосии шабакаи навтаъсис дар он буд, ки кадрҳои ҷавону лаёқатманд ба монанди, Беҳрӯзи Забеҳулло, Сураёи Шуҷоат, Аҳлиддини Тоҳир, Раҳмон Мирализода, Қурбон Тусафӣ, Темур Бандишоев, Зиёратшоҳи Аҳмадзод, Фазилати Иброҳим, Зиёвуддини Нурзод, Сайфуллои Бозор, Шариф Мисайзод (руҳаш шод бод) ва даҳҳо нафари дигар журналистони кордон дар солҳои аввали таъсиси шабака бо диди нав пайи эҷод қарор доштанд. Ҳамчунин журналисти соҳибтаҷриба Сафаргул Олимӣ ба ин гуруҳи кордон роҳбари мекард, ки натиҷаҳои назаррас меовард. Беҳтарин барномаҳои он солҳо, ки то ҳол кормандон ва шунавандагони ҳамешагии радио аз онҳо ёдоварӣ менамоянд, «Сиёҳу сафед», «Ҳафт ахтар», «Арзу тулии иқтисод», «Маърифати шаҳрвандӣ», «Хонавода», «Мизон», «Ангеза», «Интизорӣ», «Дугонаҳо» «Зиндаги паси саҳна», «Ошиқони Хуршед», «Дурахши ситораҳо»ва ғайра мебошанд.

Бо вуҷуди каме тағйирот дар ҳайати кормандон ва сармуҳаррирон 22 сол аст, ки «Садои Душанбе» чун маҳбубтарин шабакаи радиоӣ дар қаламрави мамлакат дониста мешавад ва фаъолият дорад. Агар аз як ҷиҳат бурди Шабака дар кадрҳо бошад, аз тарафи дигар формати пахши он мебошад, ки писандитарин формат барои шунаванда аст. Яъне, шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» дар формати иттилотиву фароғатӣ. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шунаванда бештар мехоҳад бо журналист ва умуман бо радио дар робита бошад. Нисбат ба он чи,ки дар ҷомеа мегузарад, бетараф набошад. Фикри худро гуяд. Маҳз ҳамин имкониятро тавассути барномаҳои мустақим, «Садои Душанбе» ба шунаванда фароҳам овардааст. Бо бовари метавон иброз дошт, ки барномаҳои мустақим беҳтарин роҳи нигоҳ доштани шунаванда дар мавҷи радиост.

Имрӯз низ барномаҳои ҷолибу шуниданӣ дар шабакаи «Садои Душанбе» хеле зиёданд. Шуниданӣ ба он далел, ки мухлисон ба ин ё он восита дар барнома иштирок мекунанд, савол медиҳанд, назари худро пешниҳод мекунанд ва роҳи ҳали мушкилашонро аз барномаҳо меҷӯянд.

Ҳайати эҷодиву техникии шабакаи «Садои Душанбе» имрӯз пайи иҷрои рисолати асосии худ –расонидани иттилоъ, фароғат бахшидан ба шунаванда, таҳлили вазъи соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ, қарор доранд. Барномаҳои «Муошират», «Нигоҳи рӯз», «Чеҳра», «Ҳадиси зан» , «Ҳадаф», «Аҷаб шаҳри дилорои, Душанбе», «Муждаҳои истиқлолият», «Навои дилошӯб», «Мӯъҷизаи савту наво», «Фарҳанг ҳастии миллат», «Ҳамсадо», «Асри дақиқ», «Барги сабз», «Суфраи шом», «Чашми саҳар», «Сарзамини ҷовид», «Ҳунар аз молу мероси падар беҳ», «Хабар», «Бахши русӣ» (Руский блок), «Муждаҳои истиқлол», «Фирдавс инҷост», «Чилои ҳунар», «Дунёи ҷавонӣ», «Тоҷикистон» ва ғайра маҳсули эҷоди онҳост. Иштироки фаъолонаи шунавандаҳо дар барномаҳои мустақим гувоҳи он аст, ки шабакаи «Садои Душанбе» мавқеашро чун пештара дар миёни дигар радиоҳо пойбарҷо нигоҳ доштааст.

Боиси қайд аст, ки идеяи мустақим ва сартосари эълон намудани шабакаи «Садои Душанбе» дар радиожурналистикаи замони соҳибистиқлолӣ падидаи нав буд. То ин вақт бо чунин формати пахш ягон радио дигар мавҷуд набуд. Аммо, баъд аз маҳбубият пайдо кардани «Садои Душанбе» идораву шахсони алоҳида ба таъсиси радио бо формати муосир иқдом намуданд. Ба пахши барномаҳо шуруъ намудани радиои «Тироз» (Хуҷанд) дар соли 2001, «Asia-Plus» (2002), «Ватан» (2003), «Имрӯз» (2007), ва ғайра, ки ҳамаги чанд соли баъд аз шуруъи фаъолияти «Садои Душанбе» таъсис ёфта ба барномаҳои мустақим афзалият додаанд, хулоса кардан мумкин аст, ки ташкилкунандагони онҳо аз ҳамин шабака илҳом гирифтаанд. Яъне, шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» асос ва заминагузори шабакаҳои нави радиоӣ дар кишвар гардидааст. Бо вуҷуди шикояти зиёди шунавандагон аз мавҷи ин шабака дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ба миён омадани шабакаҳои гуногуни радиоӣ, ҳанӯз ҳам «Садои Душанбе» дар миёни ҷавонон ва умуман дигар табақаи ҷомеа маҳбуб аст.

Шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» дар Радиои Тоҷикистон таҳаввулоти бузурги сохториву муҳтаворо ба миён овард. Дар зери қаноти он ба воя расида, дар тарғиби сиёсати давлату Ҳукумат гомҳои устувор гузошт. Имрӯз «Садои Душанбе» ба як дастгоҳи идеологӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мубаддал гардидааст.

22-соли муваффақият муборак!

      Сармуҳаррири шабакаи

          “Садои Душанбе”           

                                                                                        Каримзода Фирӯз

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE