Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар самти рушди варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса риштаи бокс мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин аз сатҳ ва сифати робитаҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ҳамкории зичи мутақобилан судманди Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс дар оянда, изҳори умед намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE