Маросими қабули нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини Туркманистон

3 августи соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аймурад Кочмурадовро қабул намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Пас аз анҷоми маросим мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо сафири навтаъйин баргузор гардид. Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илм ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷом Сироҷиддин Муҳриддин сафири Туркманистонро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти кориаш муваффақият таманно намуд.

акс: ВКХ ҶТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE