Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо директори Департаменти обтаъминкунӣ ва рушди шаҳрҳои Бонки Осиёии Рушд мулоқот кард
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед бо директори Департаменти обтаъминкунӣ ва рушди шаҳрҳои Бонки Осиёии Рушд хонум Ҷингмин Ҳуанг доир гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои обтаъминкунӣ ва корезӣ, энергияи сабз, нақлиёти ҳушманд, таҳкими фаъолияти минтақаҳои саноатӣ ва тағйирёбии иқлим мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.
Дар робита ба вазъи тағирёбии иқлим ва шиддат гирифтани пайомадҳои он, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва омилҳои манфӣ ба инфрасохтори шаҳри Душанбе зарур шумурда шуд.
Зимни мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯ сурат гирифт.