МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ФАЪОЛОН ВА ХОДИМОНИ ДИН. Дар Ҳисор оид ба аҳамияти он вохӯриҳо доир шуданд

Дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, олимон ва ходимони дини мамлакат дар шаҳри Ҳисор имрӯзҳо вохӯриҳои судманди намояндагони мақомоти маҳал бо аҳолӣ  ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи масъулин дар робита ба ин нишондодҳои Сарвари давлат ҳар як  сохтори давлатӣ, нақшаи амали худро таҳия ва дар асоси он фаъолиятро ба роҳ мондааст.

Дар ҷамъомаде, ки ахиранд  дар Бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор баргузор гардид аз чониби масъулин  гуфта шуд, ки дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дини мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд. Ба гуфтаи Бахтиёр Достиев -мушовири бахши фарханги шахри Хисор ахли фарханги ин шахр ба хотири ичрои талаботи ин конунхои милли ва ичрои дастурхои бевоситаи рохбарияти олии мамлакат  камисияи муаасисавиии худро созмон дода, дар байни кормандони соха ва сокинон корхои таблиготи мебаранд.

Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо фаъолон, олимон ва ходимони дини мамлакат таъкид намуданд, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад. Нозир коргузори Бахши сабти асноди холати шахрванди (САХШ) шахри Хисор Парвина  Рахматуллозода мегуяд, чун кормандони ин бахш хамаруза бо мардум дар ирртибот карор дорад ,  дар баробари донистани  Конуни ЧТ « Дар бораи ба кайдгирии давлатии асноди холати шахрванди» ва дигар санадхои меъёрию хукуки, мекушад дар баланд бардоштан маърифати хукукии ахоли сахми муносиб гузорад. Номбурда дар ин маврид илова намуд.

Дар ин вохӯрихои  фаъолони ахли фарханханг ва масъулини Бахши САХШ-и шахри Хисор хамзамон доир ба истифода дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҳамроҳ нашудани ҷавонон ба гурӯҳҳои терористию иртичои ибрози андеша гардианд. Зимнан аз чавон даъват шуд, ки хамеша бо диккат бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиханд. Мушовири бахши фарханги шахри Хисор Бахтиёр Достиев ин эродхои сарвари давлатро дар пасманзари тахавулоти чахони муосир рузмара арзёби намуд.

 Зимни вохурихо ин нишондодхо аз чониби сокинони касбу кори гуногун хамачониба хамовози пайдо намуда,  хамагон  иброз доштанд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар зиндагӣ амалӣ намуда, кӯшиш мекунанд, ки ба исрофкорӣ роҳ надода, фарзандонашонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонанд ва дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муносиби худро мегузоранд.

Т. Сатторов

“Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE