ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОРЕ ДАР КӮЛОБ ОСОРХОНА СОХТ
Баъди эълони соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ як навъ зиндашавии ин соҳаҳо ба амал омад. Ба ҳамагон маълум аст, ки то амалӣ гардидани ин иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои мазкур ба хусус ҳунарҳои мардумӣ қисман аз байн рафта буданд. Омузгори собиқадори деҳаи Зарқаълаи шаҳри Кӯлоб Абдураҳмон Қурбонов мегуяд, маҳз ҳамин ташаббуси фарҳангпарваронаи сарвари давлат сабаб гардид, ки у ба ҷамъоварии дастранҷи гузаштагонамон, ки таърихи кӯҳан доранд, шуруъ кунад. Тавре худи ӯ маъуломот дод, аввал як бино дар назди миуассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и деҳаи Зарқаъла бунёд карда, дар он чанде аз нигораҳоро ҷо ба ҷо кард. Аз сабаи он ки мардуми деҳ ба ин иқдоми фарҳангдустонаи Абдураҳмон Қурбонов таваҷҷуҳи зиёд намуданд ва ҳар касе ба қадри имкон нигораеро оварда месупорид. Теъдоди нигораҳо зиёд шуд ва бинои сохташуда хурдӣ мекард. Абдураҳмон Қурбонов ҳамаи нигораҳоро дар ошёнаи 2-юми як бинои васеъ, ки ба худи у таалуқ дорад ҷо ба ҷо кард. Тавре аз дафтари қайдҳои меҳмонони осорхона бармеояд, аз сорхонаи сохтаи ин омузгори собиқадор теъдоди зиёди сайёҳони дохилӣ ва чанде аз сайёҳони хориҷӣ диданд намудаанд. Худи ӯ доир ба ин иқдомаш чунин ибрози назар кард:
«Нигораҳои осорхонаро, аз худи деҳаи Зарқаъла ва деҳаҳои гирду атроф бо роҳҳои гуногун ҷамъоварӣ мекунам, қасмати зиёдашро харидорӣ ва қисмеро аҳолии деҳаҳо ва ёру рафиқон ба осрохона ҳамчун туҳфа меоранд. Нигораҳои ҷамъоваришуда, дар дафтари воридотии нигораҳои осорхона, бо санаи оварда шуданаш қайд мегардад. Мушкилии мо дар ин соҳа он аст, ки МИҲД-и шаҳр ва сохторҳои марбута кам таваҷҷуҳ мекунанд, то ҳол ягон ҳавасмандгардонӣ ҳам аз ҷониби масъулин сурат нагирифтааст. Барои он ки дар осорхона ҳамеша як ё ду нафар бояд машғули кор бошанд, агар имкон даст диҳад ба осорхонаи ман ягон воҳиди корӣ ҷудо кунанд. Инчунин боз иқдом гирифтам, ки дар ошёнаи якуми ҳамин бино китобхона бунёд намоям.» ИБРОЗ ДОШТ ДАР СӮҲБАТ БО МО АБДУРАҲМОН Қурбонов омӯзгори собиқадор
Бояд қайд кард, ки то имрӯз дар осорхонаи Абдураҳмон Қурбонов наздики 1000 нигора ҷамъоварӣ шудааст. Нигораҳо аз давраҳои гуногуни таърихӣ аз асри Х-и милодӣ то давраи соҳибистиқлолиро дар бар мегирад. Барои дидани осорхона ҳар рӯз сокинон аз фосилаи дурру наздик меоянд. Баъди дидан намудани осорхона таасуроти худро қайд мекунанд. Дар ошёнаи якуми бинои сохташуда ин омузгор иқдом гирифтааст, ки китобхона барои хонандагони муассисаҳои таълимии минтақа сохта ба истифода диҳад. Ҳоло теъдоди китобҳо камтаранд, вале дар рафҳои муайян доир ба соҳаҳо бо тартиби махсус гузошта шудаанд.
Тавре худи у гуфт, дар сурати дасгирии бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳри Кӯлоб ва дигар сохторҳои марбута, ба у имкон фароҳам меояд, ки то ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ ҳам фаъолияти осорхона ва ҳам фаъолияти китобхонаи бунёднамудаашро пурра ба роҳ мемонад.
Шоҳҷаҳон Қурбонов
«САДОИ ДУШАНБЕ»