Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе

25 марти соли 2024, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Муҳтарам сокинони пойтахт, меҳмонон ва

ширкаткунандагони ҳамоиши наврӯзӣ!

Ҳамаи шумо ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар ба муносибати куҳантарин ва бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврӯз, ҷашни баҳор ва эҳёи табиат самимона табрик гуфта, ба шумо саломативу сарсабзии баҳорӣ ва ба Ватани маҳбубамон суботу пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.

Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст.

Мувофиқи асотире, ки дар миёни гузаштагони мо маъруф будааст, нахустин шоҳи олам Каюмарс, ки тавсифи подшоҳии ӯ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ омадааст, дар ин рӯз ба тахти шоҳӣ нишастааст.

Дар «Шоҳнома»-и безавол, ҳамчунин, бунёд гузоштани Наврӯз ва муайян намудани сари соли нав ба шоҳ Ҷамшеди пешдодӣ нисбат дода шудааст, ки ба ин хотир, ин ҷашнро чун Наврӯзи ҷамшедӣ низ ёд мекунанд.

Ба ин маънӣ, Наврӯз ҳамчун оғози ҳамаи шукуфтанҳо, сарсабзиҳо ва эҳёи дигарбораи замину замон бо таърихи бостонӣ ва фарҳангу адабиёти оламшумули миллати тоҷик пайванди ҷудоинопазир дорад.

Аз сарчашмаҳои муътамад бармеояд, ки ҷашни Наврӯз дар заминаи андешаҳои амиқу пурвусъат ва ҷаҳонбиние бунёд шудааст, ки сабаби пойдории ҳувияту ҳастии мардуми мо, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллиамон то ба имрӯз гардидаанд.

Маҳз ҳамин афкору андеша ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии Наврӯз ва дигар силсилаҷашнҳои ориёӣ, аз қабили Сада, Тиргон ва Меҳргон бо гузашти асрҳо ба ҷузъи муҳимми худшиносии миллии тоҷикон табдил ёфтаанд.

Наврӯз ҷашни сирф табиӣ, рамзи бедории табиат, пайванди ногусастаниву ҷовидонаи инсон бо табиат ва пайки шодиву сурури хурду бузурги мардум мебошад.

Бинобар ин, мо онро ҳамчун мероси пурғановати фарҳангиамон нафақат таҷлил менамоем, балки барои омӯхтану барқарор кардани ойину русуми азбайнрафтаи он талош мекунем.

Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст.

Халқу миллатҳои зиёди дунё ин ҷашнро қабул намуда, онро бо анъанаҳои хоссаи худ таҷлил мекунанд.

Яъне Наврӯз ба як омили муҳимтарини паҳншавии фарҳангу тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар олам табдил ёфтааст.

Наврӯз – рӯзи падид омадани равшанӣ, ғалабаи некӣ бар бадӣ, аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ва бахшидани гуноҳи ҳамдигар, рӯзи меҳрубониву хушбахтӣ, рӯзи таваллуди дубораи табиату инсонҳо, поёни сардиҳо ва оғози фаровонӣ мебошад.

Маросиму ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн ё хонасафедкунӣ, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, навозиши сари ятимону бепарасторон ва дигар амалҳои хайр аз суннатҳои неки наврӯзӣ буда, аксари онҳо то имрӯз дар кишвари мо ба таври васеъ роиҷанд.

Ташкилу баргузории ҳар гуна чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла аспдавонӣ, гӯштигирӣ, инчунин, шеърхонӣ, ба бар кардани либосҳои миллӣ ва намоиши онҳо, омода намудани таомҳои миллӣ аз гиёҳу растаниҳои баҳорӣ аз ойинҳое мебошанд, ки мардуми мо онҳоро дар рӯзҳои наврӯзӣ бо шавқу завқи зиёд анҷом медиҳанд.

Ҳамватанони азиз!

Мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас – дар таърихи навини тоҷикон бо ҳамдигар пайванди амиқ пайдо кардаанд, зеро Наврӯз ҳамчун шиносномаи таъриху фарҳанги миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Аз ҷониби дигар, маҳз неъмати соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки Наврӯз бо ин ҳама шукӯҳу шаҳомат ва расму ойинҳои неку созандааш дар сарзамини мо дигарбора эҳё ва таҷлил гардад.

Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифода аз суннату анъанаҳои неки миллиамон ба хотири шукуфоиву рушди кишвари азизамон ва таҳкими дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ минбаъд низ талош намоем ва тамоми имконияту нерӯи худро ба бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон равона созем.

Ҷашнҳои миллӣ, забони модарӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни бостонии худро гиромӣ дорем, онҳоро чун азизтарин сарвати миллӣ ҳифз кунем ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир неъмати бузургтарини зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ҳимоя намоем.

Ҳамзамон бо ин, таҷлили ҷашнҳои аҷдодӣ, аз ҷумла Наврӯзро бо дарназардошти талаботи даврони истиқлол роҳандозӣ намоем, онҳоро ҳамқадами замони муосир созем, ки яке аз онҳо ҳамоиши наврӯзии имрӯза мебошад.

Ҳар яки мо вазифадорем, ки дар айёми наврӯзӣ ва рӯзҳои дигар низ барои ободу зебо ва тозаву озода гардонидану ба «кишвари сабз» табдил додани Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди худро гузорем.

Чунонки ҳамватанони азизи мо дар ёд доранд, 9-уми март дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза, таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла торафт густариш ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ ва сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткунандаро муфассал таҳлил намуда, вазифаҳои ҳар як шаҳрвандро дар чунин шароити мураккаб таъкид карда будам.

Хусусан, ҳодисаи нангину даҳшатноки дар наздикии шаҳри Москва рухдода ҳар яки мо, махсусан, падару модаронро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ба тарбияи фарзандон эътибори боз ҳам ҷиддӣ диҳанд.

Такроран таъкид менамоям, ки мо бояд наврасону ҷавононро аз таъсири чунин гурӯҳу ҳаракатҳои харобкору даҳшатафкан эмин нигоҳ дорем ва нагузорем, ки фарзандони мо ба номи неки миллати тоҷик, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва падару модари худ иснод оваранд.

Мардуми мо аз замонҳои қадим Наврӯз, яъне ҷашни сари солро, пеш аз ҳама, бо дилу нияти нек, яъне бо ботини тоза, сипас, бо зоҳири ороста, яъне сарулибоси тозаву озода истиқбол мегирифтанд ва ҳамеша умед доштанд, ки қадами соли нав бо файзу баракат шавад.

Хушбахтона, ин русуми хуби наврӯзӣ ҳоло дар кишвари биҳиштосои мо ривоҷи тоза пайдо кардаанд.

Мо бояд пайваста кӯшиш намоем, ки хонаву кошона, маҳалли зист ва ҷойи кори худро ҳамеша ороставу зебо нигоҳ дорем, зебоипарастӣ, озодагиву тозакорӣ ва ободониро ба одати доимии хурду бузурги мамлакат табдил диҳем, то ин ки тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азизи мо дар ҳамаи фаслҳои сол ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёбад ва ҳар рӯзи Тоҷикистон мисли Наврӯз бошад.

Бо чунин ниятҳои неки наврӯзӣ бори дигар ҳамаи сокинони шарафманди пойтахт, тамоми ҳамватанони азиз дар дохили кишвар ва берун аз он, меҳмонони гиромӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, инчунин, ширкаткунандагони ҳамоиши имрӯзаи наврӯзиро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ ва ҷашни баҳору сарсабзии сарзамини биҳиштосоямон самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар яки шумо бахту иқболи баланду сарсабзӣ ва барои Тоҷикистони маҳбубамон – сарзамини зебоӣ, баҳор ва Наврӯз – сулҳу оромӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ орзу менамоям.

Бигзор Наврӯз бо қадамҳои мубораки худ ба Тоҷикистони азизи мо, ки ватани наврӯз мебошад, барои имсолу солҳои дигар сарсабзиву хуррамӣ, ободиву пешрафт, таҳкими минбаъдаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва болоравии боз ҳам бештари обрӯи кишвари маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ ба армуғон оварад!

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзатон пирӯз бод!

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE