Дар Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо устондор (раиси вилоят)-и Бушаҳри Эрон Аҳмад Муҳаммадизода мулоқот намуд, хабар медиҳад аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба амалӣ намудани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва саноативу кишоварзӣ байни устони Бушаҳр ва Тоҷикистон табодули афкор намуданд. Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи барқарор намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Бушаҳр ва яке аз минтақаҳои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, кишоварзӣ ва тиҷорати устони Бушаҳр вохӯрӣ ва бо фаъолони иқтисодии Бушаҳр нишаст доир намуд, ки дар он зарфияти иқтисодиву тиҷоратӣ ва муҳити сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Ҳамчунин фаъолони иқтисодии Бушаҳр рағбаташонро барои ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба мамлакати мо изҳор доштанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE