ИҶЛОСИЯИ СЕНЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ
ш.Душанбе. 17.03.2023. Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.
Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.
Вакилон масъалаи таъмини иҷрои нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба муҷаҳҳаз намудани инфрасохторҳои партовгоҳҳо, қабули саривақтӣ ва кашонидани партовҳои сахти маиширо мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба ин, гузориши муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, корхонаҳои партовкашонии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдорро баҳри таъмини фаъолияти самараноки соҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ, амнияти санитариву экологӣ, ба низом даровардани реҷаи баровардани партовҳо аз маҳаллаю шаҳракҳо ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинони шаҳр вобаста ба риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ дар самтҳои бақайдгириву тақвият бахшидани кори системаи биллингӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Вакилон дар идома, иҷрои «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027-ро муҳокима намуда, вобаста ба ин масъала муовини Раиси шаҳри Душанбе ҳисобот доданд.
Раиси шаҳри Душанбе дар ин робита ба Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор корҳоро ҷиҳати фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои љалби сармояи мустақим баҳри бунёди муассисаҳои хуштарҳу замонавӣ, таҳия ва роҳандозӣ намудани механизми ҳамкориҳои муштарак бо соҳибкороне, ки фаъолияти онҳо ба рушди муассисаҳои томактабӣ ва таълимии хусусӣ равона шудаанд, ҷоннок намоянд.
Ҳамчунин ба масъулин ҷиҳати дар ин муассисаҳо ба таври ҳатмӣ ба роҳ мондани омузиши забони давлатӣ ва таърихи халқи тоҷик, инчунин таъминоти онҳо бо кадрҳои ихтисосманд дастурҳои мушаххас дода шуд.
Дар идомаи маҷлис, вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколати вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами №21 Гуреззода Умедро бо сабаби ба дигар мансаб гузаштанаш, пеш аз муҳлат қатъ кард.
Бинобар ин, дар ҳавзаи интихоботии рақами №21 14 майи соли 2023 интихобот муқаррар гардида, комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шуд.
Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаи кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ карданд.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилон ва кулли ҳозиринро бо иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба онҳо сарбаландӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, бурдборӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешравию шукуфоиро таманно намуданд.
Бо ҳамин иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.