Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи Ҷаҳонии Футбол ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид
Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи Ҷаҳонии Футбол, ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони Федератсияи Футболи Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон, Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи пойтахт, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи Раис ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ширкат доштанд.
Нахуст муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед қабули пешниҳоди Раиси Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳидро ба ҳозирин таҳният гуфта, қайд намуданд, ки дар баргузории ҷашни Рӯзи Ҷаҳонии Футбол бояд тамоми маҳорату малакаи хешро истифода бурда, ин чорабиниро дар сатҳи хеле олӣ бояд гузаронд.
Сипас муовини Президенти Футболи Тоҷикистон Алишер Урунов баромад намуда, ҷиҳати ташкили Фестивали мазкур муфассал маълумот дод.