МОРХӮР — ЯКЕ АЗ НАМУДҲОИ НОДИРИ ҲАЙВОНОТИ ВАҲШИИ ТОҶИКИСТОН…
#ДОНИСТАН ХУБ АСТ!
ТОҶИКӢ
МОРХӮР — ЯКЕ АЗ НАМУДҲОИ НОДИРИ ҲАЙВОНОТИ ВАҲШИИ ТОҶИКИСТОН
Морхӯр (Capra falconeri) яке аз намудҳои нодири ҳайвоноти ваҳшии Тоҷикистон буда, бо шохҳои дарозу печидаи худ аз дигар намояндагони олами ҳайвонот фарқ мекунад. Ин ҳайвон ба оилаи ковокшохон мансуб буда, дар минтақаҳои кӯҳии ҷанубу ғарби кишвар паҳн шудааст.
Морхӯр асосан дар минтақаҳои кӯҳӣ зиндагӣ карда, бо алаф, барг ва навдаҳои буттаҳо ғизо мегирад. Дарозии бадани наринаи он 155–170 сантиметр ва вазнаш 80–109 килограммро ташкил медиҳад. Вазни модина бошад, аз 32 то 41 килограмм буда, шохҳои нарина нисбатан калонтар мебошанд.
Тибқи маълумоти расмии соли 2026, саршумори мархӯр дар Тоҷикистон аз 7 ҳазор сар гузаштааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо солҳои 1990, ки шумораи он тақрибан 300 сар арзёбӣ мешуд, афзоиши назаррасро нишон медиҳад.
Морхӯр ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, ҳифзи он яке аз самтҳои муҳими сиёсати экологӣ ба ҳисоб меравад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 майро Рӯзи байналмилалии мархӯр эълон намудааст.

