Маҷаллаи машҳури Покистон «The World Ambassador» таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футболро инъикос намуд
Маҷаллаи машҳури Покистон бо номи «The World Ambassador» таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футболро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон.
Маводи иттилоотӣ бо забонҳои урду ва англисӣ нашр гардид, ки дар он оид ба иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар чаҳорчӯби таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар фестивали футбол дар шаҳри Душанбе маълумот дода шудааст.
Инчунин гуфта шудааст, ки дар нахустин фестивали футбол дар Душанбе собиқ нимҳимоятгари дастаи «Челси»-и Лондон ва тими миллии Нигерия Ҷон Оби Микел ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок намуд.