Картошкапарварӣ дар ноҳияи Сангвор

Дар ноҳияи Сангвор ҷамъоварии картошка бо маром идома дошта, хоҷагидорон бо истифода аз обу ҳавои мусоид, талош доранд ҳосили ин зироати парваришнамудаи худро ҷамъоварӣ намоянд.

Соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Сангвор дар майдони  1540 га  ғаладонагиҳо аз қабили гадуму ҷав, 1036 га картшока, 214 га сабзавот, 50 га  зироатҳои техникӣ, 4 га  полезӣ ва 52 га хӯроки чорво кишт карда шудааст. Ба  гуфтаи Муҳаммадизода Муҳаммадсолеҳ-муовини раиси ноҳияи Сангвор  деҳқонони ноҳия дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим дошта,  дар ин давра тавонистаанд, ҳосили баланди ғалладонагиҳоро ба даст биёранд.

Картошкапарварӣ аз самтҳои асосии бахши кишоварзии ноҳияи Сангвор буда, ба назари мутахассисони соҳаи растанипарварии Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат, иқлими ин ноҳия ба парвариши ин навъи зироат хеле хос мебошад.

Дар сабати истеъмолӣ, картошка аз маҳсулоти ниёзи аввалия маҳсуб ёфта, талаботи аҳолӣ дар бозори истеъмолӣ ба он хеле зиёд арзёбӣ мегардад.

         Имрӯз ғановатмандии бозори истеъмолии кишвар ва пешгирӣ аз болоравии арзиши маҳсулоти кишоварзӣ дар он, аз фаъолияти хоҷагидорони мамлакат сахт вобастагӣ дорад. Бо назардошти муҳиммияти ин нуқта ва дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, ҷиҳати сол аз сол васеъ намудани майдони кишти зироати картошка, деҳконони ноҳияи Сангвор тасмим гирифтаанд, ки дар парвариши ин зироат бо истифода аз усулҳои пешқадам, ворид намудани тухмиҳои хушсифат ва коркарди агротехникии он дар баробарии майдони кишт ҳосилнокии онро афзоиш бахшида, аз иҷрои ин ӯҳдадориҳо бо сарбаландӣ  хоҳанд баромад.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE