Ҳамоиш бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ” дар асоси қарори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастури Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Дар кори конференсия, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони корпуси дипломатии як қатор давлатҳои хориҷи кишвар, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, собиқадорону фаъолони ҳизб, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок доштанд. Конференсияро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Точикистон, Абдуҷаббор Азизӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҳамоиш ва кулли аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз номи Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, суханронии пурмуҳтаво намуд. Аз ҷумла зимни баромади худ иброз дошт, ки баъд аз бадаст овардани Истиқлоли давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонаро интихоб намуд. Мусаллам аст, ки яке аз принсипҳои бунёди чунин ҷомеа гуногунфикрии сиёсӣ буда, дар чаҳорчӯбаи қонунгузориҳои кишвар шахсиятҳои ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамояд ва онҳо ҳақ доранд ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд ва фаъолияти муназзами онро ба роҳ монанд. Ҳамзамон Абдуҷаббор Азизӣ қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули таффакур ва андешаҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат бошад, маҳз дар ибтидои соли 1993 Роҳбари давлат пешниҳод намудаанд.
Маҳз рисолат, хираду заковати воло ва ояндабинии Пешвои муаззами миллат буд, ки барои ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо қатъияту ҷасорат иқдом намоянд ва инак бо гузашти 30 сол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як ниҳоди сиёсӣ дар мамлакат аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанашон, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собиққадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию иқтидори зеҳнии аъзоён ва ҷонибдоронаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи дили таффакури мардум реша мегирад. Он аз рӯзи аввали таъсисёбӣ ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои зиндагии босаодати миллат ва ободии ватан зери шиори «Барои ваҳдат ва зиндагии шоистаи мардум» саъю талош меварзад.
Онро метавон ягона неруи сиёсии кишвар номид, ки дар заминаи ғояҳои созандаву ваҳдатофарии миллӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, борҳо ин афзалияти хешро собит намудааст.
Сипас ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, инчунин аъзои Фраксияи ҳизб дар Парлумон, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавсума Муинӣ, директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Раҳимзода Шариф, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, доктори илмҳои фалсафа Фаттоҳзода Саидмурод Самад, Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Қурбонова Руқия Атоевна, директори Муассисаи давлатии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, раиси Ҳизби аграрии Точикистон Латифзода Рустам, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ҷоизадори Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Пайшанбиева Азизмоҳ баромад намуданд.
Тибқи суханронӣ муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ниҳоди бузурги сиёсиест, ки берун аз кишвар низ обруву эътибори баландро соҳиб гардидааст. Ҳамкориҳои байналмилалии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дӯст дар доираи шартномаҳои имзошудаи ҳамкорӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад.
Дар рафти кори конференсия ба таври маҷозӣ онлайн бо роҳбарону намояндагони Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» Федератсияи Россия, Ҳизби коммунисти Чин, Ҳизбҳои сиёсии «Амонат»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳизби «Ени Азербайджан»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҳизби сиёсии “Белая Русь”-и Ҷумҳурии Белоруссия бо сухани табрикотӣ пайваст гардиданд.
Дар интиҳои кори конференсия ҳамчун рамзи қадрдонӣ ба чанде аз фаъолони ҳизб, ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Оиннома ва барномаҳои ҳизб ва ба муносибати 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштаанд, ба онҳо сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.
Конференсияи мазкур дар сатҳи баланди ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллӣ баргузор гардид.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе