Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз омадани сел ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки 29-30 май  дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии Тоҷикистон, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  омадани сел пешбинӣ мешавад. Дар ин хусус аз кумитаи мазкур хабар доданд.

29 май эҳтимоли болоравии сатҳи об дар дарёҳои Зарафшон,  Обихингов, Сурхоб, Вахш, Ёқсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳои ҷоришаванда аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин Кумита  аз шаҳрвандон  хоҳиш мекунад, ки  дар ин рӯзҳо ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ ё истироҳату оббозӣ нараванд.

Ҳамзамон ба диққати сокинони манотиқи кӯҳиву наздикӯҳӣ расонида мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии гиёҳҳои дорувор ва ҳезум худдорӣ намоянд.

Бо мақсади пешгирии даромадани сел ба хонаву ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт сокинон бояд пешакӣ селроҳаҳо, каналҳо ва ҷӯйҳоро аз ҳар гуна хасу партов ва сангу шағал тоза кунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE