Сафири Тоҷикистон ба Президенти Австрия эътимоднома супорид
20 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван дер Беллен эътимоднома супорид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, пас аз супоридани эътимоднома Сафири Тоҷикистон паёму таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федералии Австрия Александр Ван дер Беллен расонид.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Тоҷикистону Австрия мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

